• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши ҷавонон дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Migration Service by Migration Service
08.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши ҷавонон дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар асри XXI, ки онро асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ меноманд, масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои пурқиммат мебошад, ин масъала аҳамияти хос дорад. Дар ин раванд, нақши ҷавонон, ҳамчун нерӯи фаъол ва ояндасози ҷомеа ниҳоят бузург аст.

Худшиносии миллӣ ҳамчун як мафҳуми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дарки мансубияти шахсро ба миллат, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар бар мегирад. Ифтихори миллӣ бошад, натиҷаи ҳамин худшиносӣ буда, дар шакли эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои миллат, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва талош барои рушди он зоҳир мегардад.  

Ҷавонон барандаи асосии неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷомеа буда, қобилияти бузурги меҳнатӣ, эҷодиёти техникӣ ва фарҳангию бадеӣ, фаъолияти истеҳсолӣ дар тамоми соҳаҳои мавҷудияти инсонро дорад.

Ҷавонон дурнамои бузурги иҷтимоӣ ва касбӣ доранд, онҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъият тезтар дониш, касбу ҳунар ва ихтисосҳои нав азхуд карда метавонанд.

Масъалаи асосӣ ҳангоми баррасии нақши ҷавонон дар ҷомеа, масъалаи субъект ва объекти дигаргуниҳои иҷтимоӣ мебошад.  Ҷавон ба ҳаёт ворид шуда, зери таъсири шароити иҷтимоӣ, оила, муассисаҳои таълимӣ қарор гирифта, баъдтар дар раванди ба воя расидан ва ба марҳилаҳои баркамолтари рушд гузаштан ба ҷомеа таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Бо вуҷуди ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои хориҷӣ, хатари коста гардидани арзишҳои миллӣ вуҷуд дорад. Баъзе ҷавонон зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор гирифта, аз арзишҳои миллии худ дур мешаванд. Ин ҳолат зарурати андешидани чораҳои муассирро барои ҳифзи ҳувияти миллӣ тақозо менамояд.

Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки ифтихори миллӣ набояд ба ифротгароӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба дигар миллатҳо оварда расонад. Баръакс, шахси дорои худшиносии баланд метавонад бо эҳтиром ба дигар фарҳангҳо муносибат намояд ва дар айни замон арзишҳои миллии худро ҳифз кунад. Ин гуна муносибат ба ташаккули ҷомеаи таҳаммулгаро ва пешрафта мусоидат мекунад.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо метавонанд бо дониш, маърифат, фаъолияти иҷтимоӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Танҳо бо тарбияи ҷавонони худшинос, ватандӯст ва соҳибмаърифат метавон ояндаи дурахшони миллатро таъмин намуд.

Норматов Диёр,

Директори МД “Марказҳои машавратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешава!

Next Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Next Post
Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.