• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷик

Migration Service by Migration Service
12.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷик
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ  аҳамияти муҳими вазифаҳои бунёдсози давлати тозабунёди Тоҷикистонро хуб эҳсос намуда, аз ҷумла таъкид намуда буд, ки “раванди таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт”.

Ин дар ҳоле буд, ки давлати ҷавони соҳибистиқлоли мо ба вартаи кашокашҳои қувваҳои сиёсии гуногун кашида шуда, ҳокимияти сиёсӣ, рукнҳои асосии давлатдорӣ, фаъолияти мақомотҳои давлатӣ дар ҳолати фалаҷёбӣ қарор доштанд.Ҷомеа аз ҳад зиёд сиёсикунонидашуда, кишварамон ба майдони муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфта буд. Эътимоди мардум ба мақомотҳои давлатӣ, чӣ марказӣ ва чӣ маҳаллӣ хеле суст гардида, ҳатто даъватҳои ҷудоиандозӣ аз лиҳози мансубияти минтақавӣ дида мешуданд.

Дар чунин ҳолат ба давлати ҷавону тозабунёди мо Пешвои хирадманд ва ҷасуре, ки тамоми мушкилотҳои ҷомеаи онвақтаро дарку эҳсос намуда, халқи худро бо роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ роҳбаладӣ намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон аввал ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиши худро ба он равона намуданд, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардида, сулҳу салоҳ барқарор гардад.

Дар бораи хизматҳои таърихии ин шахс дар ин ҷода ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки бузургтарини онҳо бешубҳа ҳиссаи азими шахсии ӯ дар қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу салоҳ дар кишварамон мебошад. Маҳз ин хизматҳояшон дар қатори шахсиятҳои барҷастаи таърихии  халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ ва Б.Ғафуров мегузоранд, ки дар асрҳои гуногун нашъунамои давлатдории миллии тоҷиконро ба авҷи аъло расонида, ё худ тоҷиконро дар берун аз кишварамон, дар назди аҳли олам ҳамчун миллати қадимтарини бофарҳанг, сулҳхоҳу созанда ва бунёдкор шиносонида буданд.

Боз як нуқтаи муҳим – ба овоздиҳии умумихалқӣ гузоштани лоиҳаи Конститусияи ҷумҳурии Президентӣ дар соли 1994  мебошад, ки дар он шакли идоракунии Президенти  пешбинӣ гардида буд. Чӣ  тавре, ки мегӯянд вақт довари одил аст ва он нишон дод, ки халқи Тоҷикистон дар соли 1994 шакли идоракунии Президентиро интихоб намуда,  хато накардааст.

Қабл аз дохил намудани тағйироту иловаҳо ба Конститусияи соли 1994 санаи 22 маи соли ҷорӣ дар расонаҳои ахбори электронӣ, рӯзномаҳои бурунмарзӣ ақидаҳо оид ба нодуруст будани бардавомии роҳбарии шахсони алоҳида дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон  ба табъ расиданд. Инҷо бояд қайд намоем, ки гап дар сари он нест, ки кадом роҳбар чанд сол давлаташро роҳбарӣ кардааст, балки муҳим он аст, ки вай барои миллату давлати худ чи гуна хизматҳо кардааст. Дар бораи хизматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди давлату халқи Тоҷикистон ҳамагон огоҳ ҳастем.

Боз як нуқтаро вобаста ба ин дар яке аз паёмҳои худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам махсус қайд намоям. Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки “ҷаҳони имрӯза хеле мураккаб ва пурошӯб аст. Кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат оид ба  азнавтақсимкунии ҷаҳон идома дорад. Даргириҳои Шарқи наздик, воқеаҳои дар Афғонистони бо мо ҳамсоя рӯйдодаистода, амалҳои террористии бо ном “Давлати исломӣ” сулҳу осоиши минтақаро халадор карда истодаанд”.

Бояд қайд намоям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар соҳиби эътибор ва обрӯи баланд буда, дар байни мардум маҳбубияти беназир доранд.

Эмомалӣ Раҳмон яке аз чеҳраҳои бузурги халқи тоҷик ба шумор мераванд, ки тамоми ҳастиашонро ба хизмати мардум ва беҳбудии ҳаёти онҳо бахшидаанд. Тамоми пешравиҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсиву, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ибтикор ва пофишориҳои ин марди хирад алоқаманданд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”

Next Post

Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Next Post
Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.