Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии тамоми табақаҳои ҷомеаро дорад, новобаста аз миллат, мазҳаб ва мавқеи иҷтимоӣ. Он кафолат медиҳад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафи ободии Ватан ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ муттаҳид шаванд.
Имрӯз мо медонем, ки маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистонро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз вартаи фано раҳоӣ бахшид ва ба сӯи рушду шукуфоӣ роҳнамоӣ кард.
Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳзои ҷаҳон мепайвандад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсози миллати тоҷик, нақши бузурге дар таъмин намудани суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дорад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳазорон нафари дигар кишварро тарк карданд, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 роҳи наҷоти Тоҷикистон гардид. Ин созишнома, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, пояи ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдорро дар кишвар гузошт.
Ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар он таҷассум ёфтааст, ки бо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истифодаи илм ва захираҳои зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ кишвар ба як маркази нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Ин ҳадаф тавассути боло бурдани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва таҳкими нақши илму маориф амалӣ мегардад.
Дар ниҳоят, миллати тоҷик, ки дар гузашта дар бунёди тамаддуни башарӣ саҳми бузург дошт, имрӯз низ бо такя ба фарҳанги бостонӣ, хиради сиёсӣ ва иродаи миллии худ метавонад ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, тавсеаи стратегӣ, рушди устувори иқтисодӣ, тарбияи кадрҳои муосир, таҳкими илм ва ҷалби технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои бетағйир маҳсуб мешаванд.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

