Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе” ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути қатора ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, вохӯриҳо идома дода истодаанд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, шаҳрвандон таъкид карда шуданд, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайронкунии кишвари қабулкунанда даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад. Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин надонистани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест, мебошад.
Зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
