12-уми майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аксияи ҳизбии табрикотӣ таҳти унвони “Ҳар ташаббусе ҳадя ба ҷаҳон” баргузор гардид.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, ба роҳбарон ва масъулони як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо тӯби футбол ва акси муҳтарам Рустами Эмомалӣ — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро, ки ҳамчун ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар самти пешбарии масъалаи эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” шинохта мешаванд, дар тарҳи махсус бо рамзи футбол тақдим намуданд.
Қобили зикр аст, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳод ва ташаббуси варзишпарваронаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қатъномаи махсусро оид ба эълон намудани 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул намуд.
Ин иқдом аҳаммияти ҷаҳонии футболро ҳамчун воситаи таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва рушди ҳамкориҳои варзишӣ миёни давлатҳо бори дигар ба таври расмӣ таъкид менамояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
