Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии давлат таъсири манфӣ расонад. Ҳар қадаре ки коррупсия дар ҷомеа зиёд гардад, ҳамон қадар сатҳи боварии мардум нисбат ба давлат ва қонун коҳиш меёбад. Аз ҳамин сабаб мубориза бар зидди коррупсия вазифаи танҳо як мақомот набуда, балки кори дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад.
Мафҳуми коррупсия бештар бо истифодаи мансаб барои манфиати шахсӣ фаҳмида мешавад. Ин амал метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани пора, истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир гардад. Коррупсия на танҳо ба иқтисодиёти давлат зарар мерасонад, балки ба маънавиёти ҷомеа низ таъсири бад дошта, ҳисси адолатро байни шаҳрвандон коста мегардонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Ҳукумати мамлакат пайваста баҳри таъмини шаффофият, риояи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешад. Аммо танҳо фаъолияти мақомот барои решакан намудани коррупсия кофӣ нест. Барои ба даст овардани натиҷаи назаррас иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванд зарур мебошад.
Оила дар тарбияи насли наврас нақши муҳим дорад. Агар кӯдак аз хурдӣ дар рӯҳияи ростқавлӣ, адолат ва эҳтиром ба қонун тарбия ёбад, ӯ дар оянда метавонад шахси масъулиятшинос ва поквиҷдон гардад. Муассисаҳои таълимӣ низ бояд дар байни хонандагон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро тарбия намоянд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма низ дар мубориза бо коррупсия нақши калон доранд. Бо роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, нашри маводҳои тарбиявӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ метавонанд барои коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, шаҳрвандон бояд нисбат ба амалҳои коррупсионӣ бетараф набошанд ва дар ҳолати мушоҳида намудани чунин ҳолатҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.
Коррупсия метавонад ба рушди давлат монеа эҷод намояд ва обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст гардонад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат бояд дарк намояд, ки муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурати муттаҳидӣ, ҳамкорӣ ва баланд будани ҳисси масъулият метавон ҷомеаи солим ва одилонаро бунёд кард.
Хулоса, муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, иштироки фаъолонаи давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро талаб менамояд. Агар ҳар нафар аз худ оғоз намуда, ба қонун эҳтиром гузорад ва аз амалҳои ғайриқонунӣ дурӣ ҷӯяд, метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дода, барои ояндаи дурахшони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Норбоев Дамир,
Корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт

