16 декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид. Дар Паём, Пешвои муаззами миллат дастовардҳои солҳои сипаришударо натиҷагирӣ ва вазифаи ҳама сохторҳои давлативу сокинони кишварро барои фаъолияти минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, ки “Рӯзи 12 декабр бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаи кӯҳӣ” қабул карда шуд. Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овар дани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳанги Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баён гари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Он ҳам боиси ифтихори мо аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид”.
Кишвари мо пешоҳанг ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои умдаи сайёра мебошад ва пазируфта шудани ин ташаббусҳо ҳамчуноне, ки худи Ҷаноби Олӣ дар паёмашон зикр намуданд “ифодаи эътироф ва дастгириҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.
Дар ҳар Паём Президенти кишвар баҳри хуб шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ғамхорӣ зоҳир мекунанд. ки аз 1 сентябри соли 2026 – маоши вазифавии кормандон зиёд карда шаванд. Барои чунин ғамхорӣ аз Роҳбари хирадманду дилсўзи кишвари худ ҳама бояд сипосгузор бошем ва кўшиш намоем, ки вазифаву уҳдадориҳои худро беш аз пеш содиқона иҷро намоем.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он на танҳо дастовардҳо натиҷагирӣ карда мешаванд, балки раҳнамоест, ки нақшаи амали тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, инчунин ҳама сокинони кишварро барои фаъолияти минбаъда муайян мекунад.
Ба гуфти Пешвои муаззами миллат “Мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.
Урунбоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен

