Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи ба номи К.Хуҷандӣ вохӯрии саривақтӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба огоҳсозии аз падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, додани маълумот оид ба кортаъминкунии дар хориҷи кишвар, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони руси, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони баргашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда, варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Инчунин, вобаста ба самти пешгирии амалҳои номатлуб, сабаб ва омилҳои бадрафтории ва душвортарбия гардидани кудакону ноболиғон, оид ба тағйироту иловаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии терроризму экстремизм, даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар назди иштирокдорон баромад намуда, қайд карданд, ки асоси ҳамаи ин масалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбияи оила ва ҳидояти дурусти падару модар, тарбияи омӯзгор ташкил медиҳад.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, пешгирии ҷинояткории занон, тағйироту илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

