Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб суҳбату вохӯрии судмандро бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо, ин бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба кишвари Россия доранд, доир ба ҳуҷҷатгузорӣ пеш аз сафар, тартиби будубош, доштани касби муносиб ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба муҳоҷират маълумот пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки он шаҳрвандоне хоҳиши дар ширкатҳои кишвари Россия тавассути муташаккилона кору фаъолият намудан доранд, аз ҷониби ширкатҳо пардохти роҳкиро, ҳуҷҷатгузорӣ, гирифтани патент, қайди муваққатӣ, иҷозаи кор, ҷойи хоб, хӯрока ба уҳда гирифта мешавад.
Чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

