• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Вохӯрии судманд дар деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён

Migration Service by Migration Service
18.05.2026
in Uncategorized, Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд дар деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.    Дар вохӯрӣ сокинон, фаъолон, ҷавонон ва падару модарон фаъолона иштирок намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки тарбияи дурусти фарзандон, назорати доимии онҳо ва ҷалби ҷавонон ба илму дониш, касбомӯзӣ ва варзиш яке аз омилҳои асосии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад. Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва нишонаи фарҳангу тамаддуни миллӣ тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.

Инчунин, намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират вобаста ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои бехатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳуҷҷатгузории дуруст ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба сокинон маълумоти зарурӣ расониданд. Дар баробари ин, масъалаи пешгирии қурбонии савдои одамон ва роҳҳои ҳифзи шаҳрвандон аз фиребу истисмори гурӯҳҳои ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми сафар ва интихоби ҷойи кор ҳушёру масъулиятшинос бошанд.

Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳо дар доираи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон мунтазам баргузор гардида, барои таъмини суботу оромӣ ва рушди ҷомеа мусоидат менамоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Дави миллӣ – таҳкимбахши оммавияти варзиш

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи Ҷура Бобоеви шаҳри Конибодом

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи Ҷура Бобоеви шаҳри Конибодом

Вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллаи Ҷура Бобоеви шаҳри Конибодом

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.