• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷавонон – қувваи бузург ва такягоҳи асосии давлат мебошанд

Migration Service by Migration Service
18.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷавонон – қувваи бузург ва такягоҳи асосии давлат мебошанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар марҳилаи муҳимми таърихӣ қарор дорад. Ин марҳила аз ҳар як шаҳрванд, махсусан аз ҷавонон, масъулияти баланд, донишандӯзӣ ва саҳми фаъолро талаб мекунад. Зеро давлат танҳо бо захираҳои табиӣ ё инфрасохтор рушд намекунад он пеш аз ҳама бо инсон, бо тафаккури инсон ва бо нерӯи зеҳнии ҷавонон низ пеш меравад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола моҳи май дар кишвари азизамон моҳи ҷавонон аст ва доир ба ин моҳвораи ҷавонон як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд дар кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷавонон дар сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар мавқеи калидӣ доранд. Дар таҷрибаи давлатдории муосир собит гардидааст, ки ояндаи устувори давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон вобастагии мустақим дорад. Маҳз ҳамин маънӣ дар суханрониҳо ва сиёсати пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок таъкид мегардад.

Дар ҳамин замина давлат сиёсати ҷавононро ҳамчун самти стратегии рушди кишвар муайян намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша таъкид мегардад, ин донишандӯзии ҷавонон аст. Дониш пояи асосии пешрафт мебошад ва ҷомеае, ки ба илм ва маърифат такя мекунад, ҳатман ба тараққӣ мерасад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо он нафар муваффақ мегардад, ки бо дониш, забондон будан, ва малакаҳои касбии муосир мусаллаҳ бошад. Бинобар ин, таҳсил бояд на ҳамчун вазифа, балки ҳамчун ниёз ва рисолати ҳаётӣ дарк гардад.

Дар баробари дониш, масъалаи муҳими дигар тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки дар амал, дар рафтор ва дар хизмат ба ҷомеа таҷассум меёбад, ҷавони ватандӯст ҳамеша манфиати давлат ва ҷомеаро аз манфиати шахсӣ болотар мегузорад, қонунро эҳтиром мекунад, арзишҳои миллиро ҳифз менамояд ва дар ободии кишвар саҳм мегузорад. Дар сиёсати давлатдорӣ ҳамеша таъкид мегардад, ки насли ҷавон бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ тарбия ёбад. Зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, ояндаи худро бо эътимод месозад. Ҳифзи забони давлатӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон инчунин дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ, ташаббусҳои созанда, корҳои ободонӣ ва фаъолияти волонтёрӣ на танҳо ба ҷомеа фоида меоранд, балки худи ҷавононро низ ҳамчун шахсиятҳои комил ташаккул медиҳанд. Ҷомеаи солим ҳамон ҷомеаест, ки ҷавонони он бетафовут нестанд, балки фаъолона иштирок мекунанд ва масъулият эҳсос менамоянд.

Ҳамзамон, бояд эътироф кард, ки ҷаҳони муосир бо худ як қатор таҳдидҳо ва мушкилот низ дорад. Таъсири равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ, паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳушёрии сиёсӣ, зиракии иҷтимоӣ ва устувории фикрӣ барои ҷавонон имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Давлат дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст аз ҷумлаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар. Ҳамаи ин ба он равона шудааст, ки насли ҷавон босавод, соҳибкасб ва рақобатпазир гардад. Аммо ҳамаи ин имкониятҳо танҳо дар сурате натиҷа медиҳанд, ки худи ҷавонон масъулият эҳсос намоянд. Дар баробари ин, масъалаи ахлоқ ва маънавият низ аҳамияти калон дорад, ҷавони комил на танҳо соҳибдониш, балки соҳибахлоқ низ мебошад. Эҳтироми калонсолон, садоқат ба волидайн, риояи арзишҳои инсонӣ ва масъулиятшиносӣ унсурҳое мебошанд, ки шахсияти ҷавонро ташаккул медиҳанд.

Ҷавонон қувваи бузург ва такягоҳи асосии давлат мебошанд. Аз сатҳи дониш, масъулият ва худшиносии онҳо ояндаи миллат вобаста аст. Агар ҷавонон бо иродаи қавӣ, меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоянд, давлат ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ бозҳам устуворонатар  қадам мегузорад.

Файзализода Сафаралӣ,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Суҳбату вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.