Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб вохӯрии судманд бо сокинони кӯчаи ба номи И. Сомонӣ 2 –и ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯри бо сокинон оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Инчунин, бо онҳо оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Ҳамзамон, ба маълумоти иштиркодорон расонида шуд, ки қоидаҳои техникаи бехатариро бинобар пешгирии ҳодисаҳои нохушу ғайричашмдошт қатъиян риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба сокинон брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

