Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи ҷавонон дар даврони истиқлол ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мубаддал гаштааст.
Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 -юми майи ҳар сол ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо як санаи рамзӣ, балки ифодаи арҷгузорӣ ба нақши ҷавонон дар ҷомеа ва ташаккули сиёсати ҷавонпарварии давлат мебошад.
Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар аз 12-уми майи соли 1997 расман таъсис ёфт. Аз ҳамон иборатан ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон ва эътирофи саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Ба таъкиди Сарвари давлат: “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳдоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кўшишу талошҳои Роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрӯз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрӯхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд. Чунин ҷасорату мардонагии насли ҷавони даврони истиқлолият далели барҷастаи ваҳдату ягонагӣ буда, дифоъ ва ҳуввият ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони муосир пайваста падидаҳои нав ба миён меояд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд. Бештари онҳо дар асоси равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрўз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техники давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекўшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд.
Аз ин ҷо, ҳар як миллат ояндаи худро дар симои ҷавонони ҳушёру болаёқат ва ояндасоз дида метавонад. Ҷавонон сутуни устувори ҷомеаанд, зеро ҳалқаи пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд. Ҷавонон метавонанд иқтидори иҷтимоӣ, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои ахлоқии гузаштагони моро ба мерос баранд. Нерӯи ҷавонон дар ҳама давру замон созанда ба ҳисоб мерафт ва меравад. Ҳамзамон, ҷавонон нерӯе ба ҳисоб мераванд, ки ҳадафҳову нақшаҳои ҷонибҳову созмонҳову гурӯҳҳо тавассути он амалӣ мешавад. Дар замони истиқлолият ҷавонони мо аз ин ҳолат истисно намебошад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми қувваю нерӯи зеҳнии худамонро баҳри созандагиву ободкорӣ ва фароҳам овардани муҳити солим дар ҷомеа равона намуда, талош намоем, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирад. Дар ин самт бошад, танҳо ҷавонони оқилу донишманду дурандеш қодир хастанд, ки дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои наҷиб саҳми арзандаи худро гузоранд. Пас мо ҷавононро мебояд, дар баробари омӯхтани илму дониш, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб шуда, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии мамлакатро дар дилу дар дидаи худ ва ҳамсолонамон ҷой диҳем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоятиХатлон

