Бо ибтикор шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар “Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара” бо омӯзгорон ва донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., ба ҳозирин оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои манфии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои марбут ба танзими анъана ҷашну маросимҳо, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ба Ватан бозгашта, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Инчун, вобаста ба ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак”, оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ сухан карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

