Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар назди Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ шаҳри Хуҷанд мувофиқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии То ҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва кор ҷӯянда ташкил шуд, ки ба чорабинии калони маърифатию иттилоотӣ табдил ёфт.
Аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ярмарка шаҳрвандон – муҳоҷирони ба Ватан баргашта даъват карда шуданд. Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои муҳоҷироне, ки баргаштаанд, аҳамияти калон дорад. Чунин ярмаркаҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки дар дохили кишвар ҷойи кор ёфта, соҳиби даромади доимӣ гарданд.
Ҳадафи гузаронидани ярмаркаи ҷойи кории холӣ, ин таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб, кумак ба муҳоҷирони ба Ватан баргашта барои ёфтани кор, паст кардани шидати бекорӣ, пайваст намудани корфармоён бо корҷӯён, пешниҳоди ҷойҳои кории расмӣ ва бехатар, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ мебошад.
Чунин чорабиниҳо барои беҳтар гардидани шароити зиндагии муҳоҷирон ва рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

