Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр дар назди бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар чорабинии мазкур шаҳрвандони корҷӯ ва муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ки хоҳиши соҳиб шудан ба шуғли доимиро дар дохили кишвар доранд, иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ярмарка, кумак ба шаҳрвандони бекор, хусусан дастгирии иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, таъмини онҳо бо кори муносиб ва устувор сохтани мавқеи онҳо дар бозори меҳнати дохилӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ярмарка намояндагони корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусии шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат намуданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ аз қабили НБО “Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил”, сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ муҳайё мебошад.
Даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба омӯзиши касбҳои коргарӣ гирифтани шаҳодатномаи касбӣ дар филиалҳои МД “Марказҳои таълими калонсолон” ва “Таълими омӯзишии модулии шаҳр” шароитҳои мусоид фароҳам мебошад ва нафароне, ки касбу ҳунар доранд метавонанд тариқи валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ бо роҳи гузаштан аз санҷиш ҳуҷҷати тахассусӣ гиранд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Дар анҷоми чорабини ба иштирокчиён брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

