Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа метавонанд дар решакан кардани коррупсия нақши ҳалкунанда бозанд. Зеро онҳо дорои тафаккури нав, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди адолатпарварӣ мебошанд. Агар ҷавон аз овони донишандӯзӣ бо рӯҳияи поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёбад, ӯ ҳеҷ гоҳ ба амалҳои коррупсионӣ даст намезанад.
Мутаассифона, баъзан худи ҷавонон ноогоҳона ба доми коррупсия меафтанд. Пардохти ғайриқонунӣ барои ба даст овардани баҳо, ҷойи кор ё ҳуҷҷатҳо, мисолҳои равшани ин ҳолатанд. Ин амалҳо на танҳо қонуншиканӣ, балки хиёнат ба ояндаи худ ва ҷомеа мебошанд. Зеро шахсе, ки имрӯз бо роҳи осон пеш меравад, фардо наметавонад масъулияти бузургро ба дӯш гирад.
Барои пешгирии ин падида, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон зарур аст. Онҳо бояд донанд, ки коррупсия ҷиноят аст ва барои он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, тарбияи ахлоқӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Омӯзгорон ва падару модарон вазифадоранд, ки ба ҷавонон арзишҳои инсондӯстӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба қонунро омӯзонанд.
Иштирок дар чорабиниҳои маърифатӣ, таблиғи тарзи ҳаёти шаффоф тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муассир ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, ҷавонон метавонанд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ҳолатҳои коррупсиониро дар доираи қонун ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Нақши муассисаҳои таълимӣ дар ин самт хеле муҳим аст. Гузаронидани дарсҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳо дар мавзуи муқовимат ба коррупсия метавонад сатҳи огоҳии ҷавононро баланд бардорад. Ҳамчунин, истифодаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби ҳаёти пок ва шаффоф аҳамияти калон дорад.
Барои пешгирии коррупсия миёни ҷавонон як қатор тадбирҳои муҳиму самарабахш ба роҳ мондан зарур аст. Пеш аз ҳама, тарбияи амалии зиддикоррупсионӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бояд тақвият дода шавад, то ҷавонон на танҳо мафҳум, балки оқибатҳои воқеии ин падидаро дарк намоянд.
Ҳамзамон, ташкили клубҳо ва ҳаракатҳои “Ҷавонони зидди коррупсия” метавонад онҳоро ба фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб намуда, ҳисси масъулиятшиносиро боло барад. Яке аз самтҳои муҳим – рақамисозӣ ва шаффофияти хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, ки имконияти рух додани амалҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомот нест, балки масъулияти ҳар як фард мебошад. Агар ҳар як ҷавон аз худ оғоз кунад — ришва надиҳад, ришва нагирад ва ба қонун эҳтиром гузорад, ҷомеа тадриҷан аз ин вабо пок мегардад.
Борониева Сакина,
Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

