Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар якҷо бо кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон вохӯрии навбатӣ бо касбомӯзони Маркази касбомӯзии шаҳри Бохтар доир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот бо касбомӯзон вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи касбомӯзон ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

