Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Россия, 18 майи соли 2026 мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.
Ин иқдоми наҷиб ва таърихӣ ба хотири эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои шоистаи ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва тақвияти хотираи таърихии халқи тоҷик роҳандозӣ гардид.
Бояд гуфт, дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад.
Иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.
Арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва поси хотири номи неки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар давоми 35 – соли Истиқлоли давлатӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бозкушоӣ гардида, дастовардҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон эҳё шуданд ва гиромидошти ном ва хизматҳои шоистаи аҷдодони халқи тоҷик ба роҳ монда шуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ – “Чеҳраҳои мондагор” (2016) ҷонфидоии Нусратулло Махсум ва қаҳрамонии Шириншо Шотемурро инъикос намуда, нақши таърихии ин фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро дар роҳи бунёди давлати тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик, ҷонисории онҳо барои соҳибистиқлолӣ ва озодӣ бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷонфидоии Нусратулло Махсум дар асари худ қайд менамояд, ки: “Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш нақши таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемурро чунин арзёбӣ намудааст: “Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд”.
Андешаҳои Сарвари давлат доир ба гиромидошти хизматҳои неки фарзандони фарзонаи халқи тоҷик буда, саҳми онҳоро дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ инъикос менамояд. Дар баробари ин, дар асоси сиёсати фарҳангдӯстона ва таърихсозонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар хотираи неки фарзандони ҷонфидои миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи таърихи халқи тоҷик Нисор Муҳаммад гиромӣ дошта шуд.
Иқдоми таърихӣ — ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, дар замири ҷомеа, бахусус ҷавонон эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳким мебахшад.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

