Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авзалиятноки соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.
Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукумат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушахас медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми Хадамоти муҳоҷират МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар амал мекунанд. Дар ин Марказҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Аз ин лиҳоз, санаи 2 июни соли 2026 аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират дарси омӯзишӣ оид ба омодагӣ барои супоридани имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ раванд, дар синфхонаҳои Марказ баргузор карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ин омӯзиш бо мақсади омода намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои имтиҳони дарёфти Сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши мазкур тибқи нақша пайваста рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба роҳ монда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

