• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳон

Migration Service by Migration Service
05.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Терроризм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони шиддатёбии бархурди манфиатҳои ҷаҳонӣ дар гӯшаи гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани мавқеи сиёсӣ, имрӯзҳо мо мушоҳида карда истодаем. Аҳолии сайёра бо якчанд муаммоҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки яке аз онҳо амалҳои террористӣ ба ҳисоб рафта, тамоми аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Мафҳуми терроризм ин худ маънои тарс ва ваҳмро доро буда, террорист он шахсе мебошад, ки ин амали номатлубро амалӣ мегардонад. Имрӯзҳо мо амалҳои террористиро дар ҳар гӯшаи канори дунё тавассути ин ё он манбаҳо мешунавем. Гурӯҳҳои террористӣ имрӯзҳо фаъолияти худро нишон дода аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, мақсадҳои нопоки худро роҳандозӣ намуда истодаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар ҳамаи гӯшаи дунё фаъол буда, кӯшиш доранд аҳолии сайёраро бо гумроҳӣ ба тарсу ваҳм андозанд ва ин амалҳои онҳо ба ҳар гуна воситаҳо ва шахсони алоҳида ба амал бароварда мешавад.

Террорист намехоҳад дар кишварҳои дунё сулҳу субот ҳукмрон бошад ва бо ин мақсад тамоми кӯшиши талоши хешро истифода карда, дар замони технологияҳои иттилоотӣ роҳҳои муосири фирефта намудани ҷавононро дарёфт намуда истодааст. Амалҳои онҳо метавонад чунин бошад: тарконидан, гарвагон гирифтани аҳолии осишта, ғасби биноҳои таъиноташон гуногун ва ғайраҳо. Шабакаҳои интернет, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо аҳаммияти бисёр муҳим дорад ва мо имрӯз тавассути шабакаҳои интернет фаъолияти худро ба роҳ монда истодаем ва ин албатта, талаби замон ба ҳисоб меравад. Дар раванди истифодабарии интернет мо бояд маърифати истифодабарии онро дониста, интернетро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои дарёфти маълумоти дарсӣ ва анҷоми корҳои илмӣ самаранок истифода намоем.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернет бисёр фаъол мебошанд ва бо номҳои гуногун қайди ном шудаанд. Гурӯҳҳои террористӣ дар марҳилаи аввал кӯшиш менамоянд то шахсро бо ҳар роҳу усул фиреб намуда, бар доми худ гирифтор кунанд ва минбаъд амалу фаъолияти нопоки хешро зина ба зина маълум месозанд. Онҳо дар бораи ин ё он ҳодисаҳои даҳшатбор тавассути шабакаҳои интернет видиороликҳо сохта ва пахш менамоянд ва тавассути он шахсони гумроҳшударо ба ҷонибдорӣ ва дастгирӣ даъват месозанд.

Кишварҳое кам нестанд, ки аз қурбониҳои амалҳои террористӣ азият накашида бошанд, ки ин ҳама аз надонистан ва аз бетарафии мардуми ҳамон мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Мо дар ин самт кишварҳои Шарқи Наздикро мисол оварданамон мумкин аст, ки дар ин кишварҳо сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ҷойи худро ба майдони даргириҳо, ҳамлаҳои террористӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб иваз кардааст. Гурӯҳҳои террористӣ бо ҳар гуна ниқобҳо баромад намуда, хостгори амалҳои номатлуб ва иғвоангез мебошад. Имрӯзҳо шахсоне, ки дар амалҳои террористӣ ширкат меварзанд, фирефтаи ин ён он чизҳо гашта, даст ба чунин ҳолатҳои номатлуб мезананд, ба давлату миллат хиёнат мекунанд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ дошта, имрӯз тамоюл ба афзоиш дорад. Фаъол гаштани ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ бо номи “Давлати исломӣ” (давлати исломии Ироқу Шом), “Ал – қоида”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Тоҷикистони озод”  ва ғайраҳо гувоҳи гуфтаҳои болост. Мо бояд як чизро дониста бошем, ки ҳамаи амалҳои анҷомдодаи гурӯҳҳои террористӣ ҳам зарари ҷонӣ ва ҳам молӣ ба бор меоварад. Дар амалҳои террористӣ садҳо одамон кушта шуда, хонаҳои зиёд вайрон мешаванд ва ин вайронкориҳо баруҳияи шахс таъсири манфии худро мерасонад.

Кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол аз масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм дар канор нест ва ҳамарӯза дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонида мешавад. Тоҷикистон тамоми фаъолияти гурӯҳҳои террористиро қотеъона маҳкум намуда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар манъ кардааст. Чи тавре, ки таърих гувоҳ аст, ҳодисаҳои аввали солҳои 1991 барои мардуми тоҷик бисёр лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба шумор мерафт, зеро ки гурӯҳҳои алоҳида амалҳои нопоки худро бо роҳу усул амалӣ менамуданд. Хиради азалии тоҷикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз яқбори дигар исбот намуд, ки тоҷикон миллати сулҳофар ва сулҳҷӯву тамаддуновар мебошанд.

Имрӯз дар самти мубориза ба терроризм чораҳои қатъии дахлнопазир роҳандозӣ шуда, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Аз ҳамин нуктаи назар, мо ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ин зуҳуроти номутлуб мубориза барем ва дар ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Хайриддинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Идомаи вохӯриҳо бо сокинони кишвар дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.