Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба омодагӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо ба роҳ монда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми ҳафтаи сипаригардида, дар деҳаҳои Зимчуруд, Деҳмалик, Пошум, Порут, Пишанбе ва мавзеи Даштиринҷони ноҳияи Варзоб бо сокинони ноҳия ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба омодагӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим иштирок ва баромад намуданд.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гуруҳҳои коррӣ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо баромадкунандагон дар мавзуҳои “Истиқлолият – волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллат”, “Истиқлолият – рамзи бедории миллат” ва “Истиқлол – эҳёи давлатдории тоҷикон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба роҳ монда шуд.
Аз он ҷумла, баромадкунандагон таъкид карданд: – имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар сокинони мамлакат зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд; – имрӯз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаи мо мебошад; – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша қайд менамоянд, кӣ: “Бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем”; – зарфи сиву панҷ сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову Шумо ин руйдоди муборакро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем;– имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон фазои мусоиди сулҳу субот ва зиндагии осоишта фароҳам омада, бо меҳнати содиқонаву софдилонаи фарзандони бонангу номуси миллат пояҳои давлатдории миллатамон рӯз аз рӯз таҳким меёбанд. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки зарфи 35-сол, қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории худро ниҳода, аз шарофати мустақилият ҷомеаи комилан демократию дунявиро барпо карда истодаем;– яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар тӯли 35-соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид; – Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон як воқеаи таърихӣ ва падидаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, барои ҳифз, идома ва ба камоли рушд расидани он ҳамаи василаҳо ва имконоти маънавию моддӣ мавҷуд мебошад; – воқеан, тайи чанд соли охир бо раҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи ин иди фархунда корҳои созандагӣ тақвият ёфтанд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ободкориҳо вусъати тоза касб карданд ва бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъона Ватани маҳбубамон намои тоза гирифта, шукуфотар гардид. Ва чун ҳамешагӣ, Сарвари давлат ин дастовардҳоро натиҷаи заҳмати содиқонаи сокинони шарафманди мамлакат арзёбӣ карданд, зеро Пешвои маҳбуб ба хайрхоҳӣ ва меҳнатдӯстии мардуми хеш бовар доранд.
Хулоса, Истиқлоли давлатии тоҷикон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад пурҷилову муҳташам ва пойдору бегазанд бошад ва ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда, армонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагии Сарвари одилу хирадманд роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

