Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи муқовимат ба коррупсия бо иштироки нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе капитани адлия Нуриддинзода Комрон Қутбиддин ва ҳайати кормандон баргузор гардид.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳалаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин, оқибатҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баромади худ Нуридинзода Комрон Қутбиддин қайд намуд, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, амaлҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди иқтисодиёт ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Бо ба назар гирифтани суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: “Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Дар ин замина, зарурати истифодаи усулҳои муосири пешгирӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муассири зиддикоррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими низоми суғурта ба ҳисоб мераванд.
Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, масъулияти шахсӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

