Аз ҷониби кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и дар шаҳри Хоруғ дар ноҳияи Ишкошим оғози курсҳои забонҳои англисӣ ва русиро аз ҳисоби хоҳишмандон, ки нияти муҳоҷират ба хориҷа рафтан доранд, баргузор намуданд. Айни замон, теъдоди забономӯзон 25 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ бо мақсади омода намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони ВМКБ барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар хориҷа ба роҳ монда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

