Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба ифтихори 29 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ дар Ҷамоати шаҳраки Баҳманруд доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Айниддин Аслиддин, раиси ҷамоат Икромзода Суҳроб ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин раванд, баромадкунандагон оид ба нақши Ваҳдат миллӣ дар рушди давлатдории миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таври дигар худ бузургдошти истиқлолият маҳсуб меёбад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Воқеан ҳам, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил беназир аст.
Дар рафти чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Баҳодур Сафаров оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз ҷумла риояи қонунгузории меҳнат, шароити кор ва пардохти музди меҳнат, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо. Инчунин, ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

