• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
11.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот ва рушди устувори Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас ва дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ин мафҳум рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа буда, барои пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳар миллате, ки тавонистааст ваҳдату ягонагии худро ҳифз намояд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии мардуми кишвар роҳи рушди устуворро интихоб намуда, ба комёбиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят душвор ва пур аз озмоишҳо буд. Бар асари нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кишвар ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Ин вазъият ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, рушди мамлакатро ба ақиб кашид. Дар чунин шароити ҳассос фарзандони содиқи миллат бо дарки масъулияти баланди таърихӣ барои барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ талош варзиданд.

Бо натиҷаи  кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гардид, ки барои халқи тоҷик аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ ба низои дохилӣ хотима бахшида, барои барқарорсозии сулҳ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам овард. Аз ҳамон рӯз сар карда, мардуми Тоҷикистон ба бунёди ҳаёти осоишта ва ободонии Ватан камари ҳиммат бастанд.

Дар солҳои истиқрори сулҳу ваҳдат дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар тамоми минтақаҳои кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфта, садҳо километр роҳҳои автомобилгард, нақбҳо ва пулҳо сохта шуданд. Иншооти муҳими энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Бунёди мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд.

Ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар низ аҳамияти бузург дорад. Дар шароити сулҳу субот сармоягузорони дохиливу хориҷӣ имкони бештар барои фаъолият пайдо намуда, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рушд карданд. Дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, имкониятҳои иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардиданд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ ба таҳкими истиқлолияти иқтисодии мамлакат мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои муҳими ваҳдати миллӣ таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ, имрӯз дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги ниёгон ва суннатҳои неки мардумӣ ба таҳкими ягонагии ҷомеа мусоидат менамояд. Ваҳдат имкон медиҳад, ки ҳамаи шаҳрвандон барои рушди давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ муттаҳидона фаъолият намоянд.

Дар ин раванд нақши ҷавонон хеле муҳим аст. Насли ҷавон бояд таърихи давлатдорӣ, арзиши сулҳу субот ва аҳамияти ваҳдати миллиро амиқ дарк намояд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан кафолати идомаи роҳи созандагии мамлакат мебошад. Ҷавонон бояд донанд, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ эътироф гардидааст. Обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишвар маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боло рафтааст. Ҳузури фаъолонаи Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ваҳдат на танҳо барои рушди дохилии кишвар, балки барои муаррифии шоистаи давлат дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти калон дорад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти давлат ва ҷомеа қарор дошта бошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки бо рафтору кирдор ва фаъолияти созандаи худ дар ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ягонагии ҷомеа саҳм гузорад. Танҳо дар сурати нигоҳ доштани ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавон рушди устувори давлатро таъмин намуда, зиндагии шоистаро барои наслҳои имрӯз ва фардо муҳайё сохт.

Хулоса, ваҳдати миллӣ бузургтарин сармояи маънавии халқи тоҷик ва пояи асосии давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдат Тоҷикистон аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, ба роҳи рушду тараққиёт қадам гузошт. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кафили сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон маҳсуб меёбад. 

Маҳмадуллозода Фируза,

Сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Хадамоти муҳоҷират ба тавваҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ният доранд фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом диҳанд иттилоъ медиҳад

Next Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.