Гурўҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ҷиҳати баррасии нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” ҳар як сокини ноҳияро лозим аст, ки барои ободию созандагии Ватани азизамон саҳмгузор бошад.
Инчунин масъулин сокинонро барои амалӣ гаштани нақша-чорабиниҳо дар доираи иқдомҳои созандаи “300 рўзи созандагию бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан” ва “365 рўзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғ намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар обод намудани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳали худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамзамон, сокинон доир ба дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки неруи барқ, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, либоспўшии ба фарҳанги миллӣ бегона, рӯ овардан ба илму маориф ва тарбияи дурусти насли ҷавон таблиғ шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Назруллозода Муҳаммадраҳим ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

