Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №15 дар Ҷамоати деҳоти Ромит бо шаҳрвандон – муҳоҷирони бозгашта ва аъзои оилаи онҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сокинони деҳаҳои Ромит, Яфрак, Поёноб, Явроз, Новак, Шифо ва Хушон фаъолона иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода Сарабек доир ба қоидаҳои будубош ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, қайд намуд, ки ҳангоми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ моро зарур меояд, ки забони давлатӣ қабулкунанда, урфу одат, фарҳанг, таърих, ва қонунгузориҳои онро қатъиян риоя намоем.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки майли омӯзиши забонҳои хориҷа ва касбҳои гуногунро доранд, метавонанд ба раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат ва МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”-и шаҳр, ки айни замон бо дастгирии бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст, курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардида, ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои малакаи тахассусӣ дода мешаванд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

