Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти Федератсияи Россия шаҳри Екатеринбург тавассути нақлиёт сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони масъули марказ бо ҳар як нафар шаҳрванди меҳнатие, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд, доир ба тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида, таъкид намуданд, ки бе асос ва маҷбуран ба ин кишвар сафар накунанд, қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд. Инчунин, дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад, ибрози андеша намуданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Дар фарҷом, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол – центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

