Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҷаласаи машваратӣ вобаста ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайриддинзода ифтитоҳ намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират суханронӣ кард.
Зимни баромади худ ӯ таъкид намуд, ки тайи 35 – соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ноил гардидааст.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, вале имрӯз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳазорон иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохторӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муассир доранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Маҳз ҳамин сиёсати созанда имконият фароҳам овардааст, ки шаҳрвандони кишвар бо риояи қонунгузорӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳанд.
Дар ҷаласа инчунин зикр гардид, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ даҳҳо созишнома ва ёддоштҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик ба имзо расидаанд, ки барои таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори муносиб дар хориҷи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Сардори раёсат аз кормандон даъват ба амал овард, ки ба қадри сулҳу субот, истиқлолият ва шароити мусоиди фароҳамовардаи давлату Ҳукумат расида, барои рушди минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини бахшу шуъбаҳои раёсат супориш дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои идонаро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки ҳар як корманд бояд аз ҷойи кори худ оғоз намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва дигар иқдомҳои бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ фаъолона иштирок намояд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

