Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва муҳоҷироне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равонаанд, суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

