12 июни соли 2026, бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар назди бозори “Меҳргон” ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 25 адад корхона ва ташкилоту муассисаҳо иштирок карданд, аз ҷумла, ноҳияи Шоҳмансур 7 – корхона, Исмоили Сомонӣ 8 – корхона, ноҳияи Фирдавсӣ 5 – корхона ва ноҳияи Сино 5 – корхона.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанберо дарбар мегирифт.
Дар ин чорабинӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолият дошта, доир ба мавҷудияти 4081 вакансияи ҷойҳои кори холӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар ва ширкатҳои сохтмонии дохили кишвар ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, ВНМО, қонунгузориҳои соҳаи муҳоҷират дар хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

