Ҳамарӯза кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо як гурӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз кишвари Россия бозгаштаанд ва он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрии навбатӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо ҳар як нафар шаҳрванди меҳнатие, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба Ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд, таъкид карда шуд, ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Хадамоти муҳоҷират тавсия медиҳад, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.
Дар фарҷом, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол – центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

