Санаи 15 июни соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират тренинг – машғулият дар мавзуи “Оид ба саводнокии молиявӣ ва идоракунии интиқоли пул” барои баланд бардоштани малакаи дониши шаҳрвандон ва кормандони Хадамоти муҳоҷират, ки аз ҷониби ICMPD дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст, баргузор гардид.
Мақсади аз баргузории тренинг-машғулият ин баланд бардоштани малакаи дониши шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и дар шаҳри Душанбе дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла саводнокии молиявӣ чист?, ҳадафҳои молиявӣ ва чӣ гуна ба онҳо ноил шудан, тарзи фикрронии пулӣ ва эътиқодҳои маҳдудкунанда, буҷет ва банақшагирии оила, энерджайзер, идоракунии интиқоли пул барои гиранда, хидматҳои рақамӣ ва молиявӣ, амният ҳангоми истифодаи пули рақамӣ, занон ва истиқлолияти молиявӣ.
Дар фарҷоми тренинг-машғулият ба ҳар як шунаванда Сертификат супорида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
