Имрӯз дар тамоми ҷаҳон гурӯҳҳои гуногун арзи ҳастӣ доранд, ки бо амали нопоки худ ба ҷомеа таъсири манфии худро мегузоранд.
Яке аз чунин зуҳурот терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари ҷиддӣ ба миён меорад.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ қарор дошта, бо сиёсати созандаву устувори хеш дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳар фарди солимфикри кишварро зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср муборизаи оштинопазир баранд. Аз он ҷумла ҷавононро зарур аст, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷ гузоранд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд ва пайваста кӯшиш доранд, ки қадами номубораки ифротиён ба кишвари мо нарасад. Имрӯз ҷавонони моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасанд.
Дар ҳақиқат имрӯз ҷавонон бояд дониши сиёсии худро баланд бардошта, баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша омода бошанд. Нагузоранд, ки ягон нохалафе ба ҳавои софу беғубори мо, сулҳу ваҳдати мо бо чашмони бад нигоҳ кунад. Аз ин рӯ, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирии чунин амалҳои номатлуб якҷоя мубориза баранд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чунин гурӯҳҳо ба қишри созандаи ҷомеа – ҷавонон, ба шуури онҳо таъсир расонида истодаанд. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони соҳибақлу соҳибватанро зарур аст, ки баҳри якпорчагии Тоҷикистон, ҳимояи сулҳу ваҳдати миллӣ, ободию осоиштагии кишвар саҳми назарраси худро гузоранд. Нагузоранд, ки нохалафе ба устуворию ободии диёри мо бо чашмони бад нигоҳ кунад.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

