• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ваҳдат — беҳтарин неъмат

Migration Service by Migration Service
22.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ваҳдат — беҳтарин неъмат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.

Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.

Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба мансаби давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам омада, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилофро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт. Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохили ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини вахдати милли ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хочагии халки Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Воқеан, Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора – пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он, сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.

Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Аз мо фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расида, даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, муттаҳиду дӯст, бародару баробар бошем ва Ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем.

Раҳматуллозода Фароғат,

Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират дар барномаи мустақими “Радиои Тоҷикистон”

Next Post
Иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират дар барномаи мустақими “Радиои Тоҷикистон”

Иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират дар барномаи мустақими “Радиои Тоҷикистон”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.