Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе” ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути қатора ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия равонаанд, вохӯрии судманд баргузор намуданд. Бояд қайд кард, ки ин самт баъд аз танафусси тӯлонӣ аз сари нав кушода шуда, шаҳрвандони мо имконият пайдо намуданд, тавассути қатора ба шаҳри Москва сафари худро идома диҳанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайронкунии кишвари қабулкунанда даст мезананд. Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад. Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин надонистани забони давлати қабулкунанда, тарзи либоспӯшӣ, инчунин, мондани риши дароз, ки дар ин кишвар қобили қабул нест, мебошад.
Ҳамзамон, зимни мулоқот бо шаҳрвандон оид ба вазъи имрӯзаи муҳоҷират дар Федератсияи Россия сухан гуфта, қайд карданд, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари кишвари Россия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба ВКД ФР оид ба муҳоҷирати минтақавӣ барои гирифтани патент ва риояи муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин давлат доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонда дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
