• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини ҷаҳони муосир мебошад

Migration Service by Migration Service
23.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини ҷаҳони муосир мебошад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Савдои одамон ҳамчун шакли муосири ғуломӣ ва ҷинояти фаромиллӣ ҳуқуқҳои асосии инсонро поймол карда, муборизаи муштараки давлатҳоро тақозо мекунад. Таъмини дахлнопазирии шахс ва озодии инсон дар ҷомеаи муосир арзиши олӣ буда, муқовимат ба ин падидаи номатлуб таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро талаб менамояд.

Савдои одамон зуҳуроти номатлуби бисёрҷанба ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа зарар мерасонад. Қурбонӣ аз савдои одамон зарари бениҳоят зиёди моддӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ мебинад, бинобар ин дар шароити кунунӣ муқовимат ба савдои одамон чун ҷинояти нангину таҳқиркунандаи шаъну эътибори инсон, яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлат буда, талаб менамояд, ки ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аъзои ҷомеа ба ин кирдори номатлуб муборизаи оштинопазир баранд.

Дар самти муқовимат бар ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҷараёни такмил қарор дорад. Ҳанӯз 15 декабри соли 2000 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои иловагии он, аз ҷумла Протокол дар бораи пешгирӣ ва рафъи савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво имзо ва 29 майи соли 2002, №645 тасдиқ гардид. Дар баробари ин, аз ҷониби Тоҷикистон 26 декабри соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва 5 августи соли 2002 Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакона дахл дорад ба тасвиб расид.

Савдои одамон дар шароити муосир ба яке аз шаклҳои ҷиддӣ ва босуръат афзоишёбандаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ин намуди ҷиноят барои шабакаҳои ҷиноӣ манбаи муҳими даромад ба ҳисоб рафта, аксар вақт бо дигар намудҳои фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла қочоқи муҳоҷирон, маводи мухаддир ва аслиҳа алоқаманд мебошад.Тибқи баҳодиҳии коршиносон, Иттиҳоди Аврупо ба яке аз минтақаҳои асосии қабули қурбониёни савдои одамон табдил ёфтааст. Манбаъ ва масири транзитии асосии ин ҷиноят, пеш аз ҳама, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Украина, Россия, Молдова ва Беларус), инчунин давлатҳои минтақаи Балкани Ғарбӣ ба шумор мераванд. Мувофиқи ҳисобҳои гуногун, даромади гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил аз фаъолияти марбут ба савдои одамон ҳамасола аз 8 то 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои муҳим меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо вазифаи муқаддаси давлат ва ҷомеа мебошад”. Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳлили масъалаи муқовимат ба савдои одамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими амнияти миллӣ аҳамияти калон дорад.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. Маврид ба таъкид аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур аз 9 бобу 48 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқарар карда, муностибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд.

Бо вуҷуди мавҷуд будани заминаи мукаммали ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, ҳамасола миллионҳо занон, мардон ва кӯдакон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷиноят дучор мегарданд. Савдои одамон метавонад ҳам дар дохили як давлат ва ҳам байни давлатҳо амалӣ гардида, ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла меҳнати маҷбурӣ ва истисмор дар корхонаҳо, хоҷагиҳо ва хонаводаҳо, истисмори шаҳвонӣ, никоҳи маҷбурӣ ва ё гирифтани узвҳои инсонро дар бар гирад.

Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини ҷаҳони муосир мебошад, ки мубориза бар зидди он ҳамкории тамоми ҷомеаро талаб мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падида тадбирҳои гуногунро амалӣ менамояд. Такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ метавонанд ба коҳиш додани чунин ҷиноят мусоидат намоянд. Танҳо бо талошҳои муштарак метавон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳифз намуда, ҷомеаи амн ва одилона бунёд кард.

Ҳамчун мутахассиси ҷавон, дар ин назарам, ки муқовимат ба савдои одамон пеш аз ҳама мубориза барои ҳифзи шаъну шарафи инсон аст. Агар мо дар қалби ҳар як ҷавон эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба қонунро тарбия намоем, ҷомеаи мо аз чунин таҳдидҳо эмин хоҳад монд.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.