• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШУКУФОИИ ВАТАН МЕБОШАД. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб конференсияи ноҳиявӣ доир гардид

Migration Service by Migration Service
25.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ШУКУФОИИ ВАТАН МЕБОШАД. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб конференсияи ноҳиявӣ доир гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

Дар ин маврид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб санаи 24-уми июни соли 2026 дар толори мақомоти иҷроия таҳти раёсати муовинони раиси ноҳия Марҳабо Абдуллозода, Сироҷиддин Ҳусейнзода ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Орифҷон Олимзода бахшида ба 29-умин солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» конфренсияи ноҳиявӣ доир гардид. 

Дар конфренсия роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва шӯроҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Бо ҳамин тартиб масъулин дар мавзуҳои «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад», «Ваҳдати миллӣ – бақои давлат» ва «Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» баромадҳо намуданд: – тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо рӯзи бузургдошти ин санаи таърихӣ, балки рӯзи бузургдошти худи ин арзиши меҳварӣ, яъне Ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз мардуми заҳматкаши тоҷик саҳифаи таърихро варақгардон намуда, сад шукр ба он мегӯем, ки миллати моро аз парокандашавӣ фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ дошт; – маҳз бо кӯшишҳои пайгирона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷикро сарҷамъ намуданд, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст; – ҳама дастовардҳову комёбиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин замина гузошт, ки халқи шарифи Тоҷикистон хизматҳову ҷонисориҳо, талошу заҳматҳои ин фарзанди фарзонаро дида, ӯро ҳамчун Пешвои миллат дар қалбҳои хеш ҷой доданд. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид; – сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сазовор истиқбол намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихию беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина дар замири насли имрӯзу фардои миллат бедор намудани эҳсоси баланди худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, огоҳ будан аз таърихи навини давлатдории миллӣ нерӯи созандаи худро ба кишвари ободу пешрафта Тоҷикистони биҳиштосо равона месозанд.

Хулоса, пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин, Пешвои муаззами милати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида,такягоҳ аст. Хоҳони онем, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон”- и шаҳри Хуҷанд

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.