Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд ва он нафароне, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, расонида шуд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Инчунин, тавсия дода шуд, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.
Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш менамоем, ки фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
В “Международном аэропорту города Душанбе” продолжаются беседы и встречи с гражданами
В “Международном аэропорту города Душанбе” ответственные сотрудники Управления Миграционной службы города Душанбе продолжают, проводит беседы и встречи с гражданами.
В ходе беседы и встречи с гражданами обсуждались вопросы обеспечения постоянных рабочих мест для возвращающихся мигрантов, вовлечения их в языковую и профессиональную подготовку, подготовки к отъезду, предотвращения случаев вступления молодёжи в террористические и экстремистские партии и движения, похищений людей, ознакомления с новыми законами Российской Федерации о миграции, а также другие актуальные проблемы современности.
Одновременно с этим, внимание граждан Республики Таджикистан, готовящихся к поездке в Россию, а также тех, кто уже находится на территории Российской Федерации, было обращено на то, что им следует проявлять осторожность при обращении к посредникам, частным агентам и иным лицам, предоставляющим услуги по оформлению документов, трудоустройству, продлению регистрации, получению патентов и других лицензионных документов.
В последнее время участились случаи мошенничества, когда недобросовестные лица, выдавая себя за государственных служащих или «официальных партнеров», вводят граждан в заблуждение, требуют деньги за услуги, не имеющие законных оснований, или предоставляют неверную информацию.
Также рекомендуется получать информацию только из официальных источников, включая официальные сайты Посольства, Генеральных консульств Республики Таджикистан в Российской Федерации, Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации и компетентных органов Российской Федерации.
В случае подозрения или обнаружения мошенничества просим вас незамедлительно связаться с Представительством для получения разъяснений и юридической консультации.
Пресс-центр Миграционной службы
