Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” суҳбату вохӯриҳоро дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони бозгашта ва он шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамзамон, бо он муҳоҷироне, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол – центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
Продолжаются беседы и встречи в «Международном аэропорту города Душанбе»
Ответственные сотрудники Управления Миграционной службы в городе Душанбе в «Международном аэропорту города Душанбе» продолжают беседы и встречи среди возвращающихся граждан – мигрантов и граждан, направляющихся в Российскую Федерацию для трудовой деятельности.
Во время встречи с тем, кто собирается в Россию на работу, напомнили о необходимости обязательно проверять свои паспорта по списку лиц, которым запрещен въезд, в структурах Миграционной службы и Представительства Федерального унитарного государственного учреждения (Паспортно-визовый сервис) Министерства внутренних дел Российской Федерации в Республике Таджикистан (ПВС), расположенного в здании Миграционной службы, а затем принимать решение о поездке, поскольку контроль на границах Российской Федерации ужесточился.
Одновременно, пообщались с мигрантами, недавно вернувшимися из России на Родину, и дали полезные рекомендации по обеспечению их вакансиями на отечественных предприятиях, а также по их профессиональной подготовке и языковой подготовке в учебных заведениях Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
Также мы хотели бы проинформировать граждан республики о том, что у Миграционной службы есть горячая линия экстренной помощи (колл – центр), граждане могут позвонить по номеру 900800800.
Пресс-центр Миграционной службы
