Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳия, дар толори Литсейи №1 бо иштироки сокинон чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, вобаста ба таъмини тозагӣ ва ободонии маҳал, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавондухтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд. Иштирокдорони чорабинӣ доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро иброз дошта, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Сипас мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен Сатторова С., оид ба навгониҳои охирини қонунгузории муҳоҷират дар Федератсияи Россия, ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризм ва савдои одамон, ки аз хатарҳои ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор мераванд, шарҳу тавзеҳоти зарурӣ дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои соҳавӣ дастрас карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

