• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар ҳама давру замон мо масъулиятшинос бошем

Migration Service by Migration Service
02.07.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар ҳама давру замон мо масъулиятшинос бошем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ва дигаргун гаштани вазъу шароити замона ҷомеаи мо қабули қонуни болозикрро ба мақсад мувофиқ шуморид ва имрӯз дар амалӣ ва бечунучаро иҷро гаштани ин қонун ва ё дигар қонунҳо ҳамагон масъул мебошем. Ҳамагон дар тарбияи фарзанд ва насли наврас бояд дар ҳама давру замон масъулиятшинос бошем, чунки имрӯзу ояндаи ҷомеаро насли тарбиядида ва донишманд месозад.

Набояд фаромӯш кард, ки яке аз қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар асноди муҳими давлатӣ ин Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мебошад. Вақте, ки сухан дар бораи тарбия меравад ҳамагон пеш аз ҳама модарро пеши рӯ меоранд, ки ин то ҳадде ҳақиқат дорад, вале ҳама масъулияту гирудори зиндагии хонаводагиро танҳо ба дӯши модарон гузоштан ҳам ин аз рӯи инсофу адолат буда наметавонад ва модарон танҳо ин муҳимиятро анҷом дода наметавонанд, дар ҳоле ки дигар аъзоёни оила бетараф бошанд.

Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он пайваста зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии падару модар фарзандон тарбияи нодуруст гирифта, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд. Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.

Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Ҳар як насли ҷомеа ҳуқуқ дорад, ки дар фазои оила тарбия гирифта, дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёнаю олӣ дохил шуда илм омӯзанд. Ин масъулият бештар бар дӯши падару модарон мебошад, ки кӯдакро ба кӯдакистон ва пас аз он ба мактаб ва пас аз хатми мактаб ба зиндагии мустақилона омода намоянд, лекин дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин падару модаронеро низ назар мерасанд ки дар таълиму тарбия ва ҳуқуқҳои фарзандони хеш ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он, ки кӯдаки тавлидёфта дар муддати се моҳ бояд аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда шуда, ба ӯ номи нек гузошта, шаҳодатномаи таввалуд ба он дода шавад, вале баръакс баъзе падару модарон ин масъулиятро ба таъхир андохта, ҳангоми ба муссисаҳои томактабӣ ва мактабӣ бурдани фарзандони хеш ба масъалаи мазкур рӯ ба рӯ мешаванд.

Падару модаронро бо мактаб бояд доимо робита дошта бошанд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Пайваста дар он бо роҳбари синф ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ дар мактабҳои олӣ суҳбат намояд, бо муаллимаҳои фаннӣ ва коллективи синфашон аз наздик ошно гарданд. Гарчанде фарзанд дар оила ва мактаб рафтору кирдори намунавӣ дорад, берун аз он бо рафиқону ҳамсабақонаш унс гирифта ногаҳон ба корҳои ғайриахлоқӣ даст мезанад, ки дар ин маврид назорати қатъӣ аз ҷониби падару модарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лозим аст, то аз ин омили манфӣ фарзандонро канорагирӣ намоянд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст дар тарбияи фарзандон, бахусус насли наврас, ки оянда ва созандаи замони худу дигарон ҳастанд бетараф намуда масъулияти худро беҳтару бештар намоем. Зеро ҷомеаи солим аз дараҷаи масъулиятшиносии ҳар як сокини ин мамлакат дар таълиму тарбияи насли ҷавон рабт мегирад.

Султонова Роҳила,

Мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post

Коррупсия монеаҳоеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуҷуд меорад

Next Post
Коррупсия монеаҳоеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуҷуд меорад

Коррупсия монеаҳоеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуҷуд меорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.