Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар якҷо бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр вохӯрии судманд бо шаҳрвандон – корҷӯён дар маркази шаҳр оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ба сокинони вилоят вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории ФР дар самти муҳоҷират, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба сокинон маълумотҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари Россия тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз сокинони вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гурӯҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Инчунин, ба шаҳрвандон оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, даъват ба амал овард шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро хуб нигоҳ доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

