Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки ҳангоми ворид шудан ба кишвари пазиранда талаботҳои қонунгузории онро риоя ва ҳангоми будубошу фаъолияти меҳнатӣ урфу одат, расму оин, меъёрҳои қонунгузорӣ ва фарҳанги Россияро эҳтиром намуда, бо сокинони маҳаллӣ муомилаи хуб намоянд.
Дар ин замина, тавсия дода мешавад, ки ба сару либоси худ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳангоми муроҷиат ба мақомотҳои давлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ этикаи либоспӯшӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби муоширатро риоя намоед.
Рафтори инсон дар хориҷи кишвар тасаввуроти хориҷиёнро дар бораи фарҳанги ӯ ва ватанаш ташаккул медиҳад. Рафтор дар хона — симои оила, берун аз он бошад — симои халқ аст.
Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолати аз ҷониби шахси бегона нисбати Шумо зоҳир шудани беэҳтиромӣ, расидан ба иззати нафс, таҳқир намудан дар ҷойи ҷаъиятӣ метавонед ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Россия, намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
