Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, мутахассисони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кардан мехоҳанд, инчунин аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаҳмонидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои қабулкунанда, омода намудани муҳоҷирон ба фаъолияти меҳнатии қонунӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муҳоҷират буд.
Дар оғози чорабинӣ қайд карда шуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дар сурати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ метавонад барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон ва оилаи онҳо мусоидат намояд. Аз ин рӯ, пеш аз сафар ҳар як шаҳрванд бояд бо тартиби расмии сафар, талаботи муҳоҷиратии кишвари қабулкунанда, ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, инчунин шартҳои фаъолияти меҳнатӣ пурра шинос бошад.
Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сафар, тарзи гирифтани иҷозатномаҳои дахлдор, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, қоидаҳои бақайдгирӣ дар кишвари қабулкунанда, риояи муҳлати будубош ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти меҳнатӣ танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ ва шартномаи меҳнатии қонунӣ метавонад кафолати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин намояд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз хизматрасонии шахсони тасодуфӣ ва миёнаравони ғайрирасмӣ истифода набаранд, зеро чунин ҳолатҳо аксар вақт боиси фиреб, истисмори меҳнатӣ, маҳрум шудан аз ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигар мушкилоти ҳуқуқӣ мегарданд.
Дар рафти чорабинӣ инчунин масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, эҳтироми қонунҳо, урфу одат, фарҳанг ва анъанаҳои кишвари қабулкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён огоҳ карда шуданд, ки муносибати эҳтиромона нисбат ба арзишҳои ҷомеаи кишвари иқомат, риояи қоидаҳои ҷамъиятӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини фаъолияти устувори меҳнатӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар намояндаи миллат ва давлати худ буда, бо рафтору кирдори шоиста метавонад обрӯ ва нуфузи Ватани худро баланд бардорад. Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, савдои одамон ва дигар падидаҳои номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён даъват карда шуданд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии худро мунтазам баланд бардоранд.
Дар рафти чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои мушаххас ва машваратҳои амалӣ дода шуданд. Ҳамчунин маводи иттилоотӣ ва тавсияномаҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дастрас карда шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират изҳор намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо минбаъд низ ба таври мунтазам идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, омода намудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, таҳкими эҳтиром ба қонун ва пешгирии омилҳои номатлуб мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

