Тибқи нақшаи тасдиқшуда кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандоне, ки тавассути парвоз ба Федератсияи Россия барои муҳоҷирати меҳнатӣ равонаанд, ҷоннок намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ равонаанд, таъкид карда шуданд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор); тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”; шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ ба он шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан бозгаштаанд, доир бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар дохили кишвар, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои муфид доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

