Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаи Фабрики, ки аксари сокинон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, баргузор гардид.
Баромадкунандагон оид ба амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, соҳибкасб гардидан, доир ба огоҳсозии ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлуб, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, терроризму–экстремизм, коррупсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандустии шаҳрвандон, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Дар идома вобаста ба таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта дар НБО «Роғун», ки яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, тавсияҳои муфид дода шуданд.
Қайд карда шуд, ки ин неругоҳ пуриқтидортарин неругоҳ дар Осёи Миёна мебошад. Имрӯз бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

