Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат бо иштироки муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Маҳмасалим баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Исфандиёр Хайриддинзода, роҳбарони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раёсат, инчунин масъулони сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Нахуст, Исфандиёр Хайриддинзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот пешниҳод намуда, аз иҷрои барномаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа маълумот дод.
Сипас, муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмасалим фаъолияти Раёсат ва воҳидҳои сохтории онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз масъулон оид ба иҷрои вазифаҳои соҳавӣ пурсиш ба амал овард.
Дар ҷараёни ҷаласа таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардид.
Шарифзода Маҳмасалим аз масъулони соҳа талаб намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти сохторҳо, тақвияти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар анҷоми ҷаласа дигар масъалаҳои мубрами соҳа низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

