Сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми асри XX дар раванди музокираҳои сулҳи байни тоҷикон ва расидани халиқи тоҷик ба сулҳу ваҳдати миллӣ шакл гирифта, дар ибтидои асри XXI ба абзори муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт, ки намунаи возеҳи он ташаббуси байналмилаллии Пешвои миллат доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба шумор меравад.
Вобаста ба нақши таърихии сулҳофарии халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки “Миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз оғози таърихи ташаккулёбии худ пуштибону тарғибгари фарҳанги сулҳ ва ойини сулҳофарӣ буд”. Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ аз усулҳои сулҳҷуёна, сулҳофарӣ ва сулҳсозӣ рӯйи кор гирифта, бо ин роҳ дар таъмини амният ва суботи минтақа ва ҷаҳон саҳмгузор мебошад.
Дар аввали солҳои 90-ум дар натиҷаи равандҳои ба ном демократӣ обру ва эътибори органҳои давлатӣ паст гардид ва мамлактро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифт. Аз ин ру барои ислоҳ кардани ин хаттогиҳо, ниҳоди пурқуввати идоракунӣ лозим буд, ки онро халқ дар идоракунии президентӣ медид. Акнун шахсияте лозим буд, ки масъулиятро барои иҷрои вазифаҳои душвори давраи гузаришро ба уҳдаи худ гирад. Аммо гуфтан зарур аст, ки қабл аз интиҳоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то моҳи сентябри соли 1992 ду президенти Чумҳурии навистиқлоли Тоҷикистон пеш аз муҳлат ваколати худро аз даст доданд. Каххор Махкамов аз тарафи вакилони Праламент бо истифода аз институти импичмент аз вазифа гирифта шуд ва моҳи сентябри соли 1992 бошад, Президент Раҳмон Набиев бо роҳи зуроварӣ, ки нисбати вай аз тарафи силоҳбадастон истифода гардид, маҷбур шуд, ки ба истеъфо барояд. Дар ҳар дуи ин мавридҳо эҳтироми интихоби овоздиҳандагон поймол гардида буд ва ақаллияти ҷангҷу тавонист, интихоби аксариятро бекор намояд. Аз ин ру халки тоҷик душвории давраи соли 1992-ро хуб дарк мекард ва ҳама ру ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон нигорон буданд, ки чи тавр Президенти ҷавон метавонад вазъияти ҷанги шаҳрвандиро ба эътидол биёрад ва рушди иқтисодии давлати харобшударо таъмин намояд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиклол кабул гардид ва дар асоси он Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро интихоб намуд. Аммо таҷрибаи таърихи солҳои истиқлолият нишон дод, ки интихоби халқи тоҷик интихоби таърихӣ буд, зеро дурбинии сиёсии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки нақшаҳои иҷронашаванда ба мисли таъмини сулҳ, сохтмони роҳи Кулоб – Хоруғ – Кулма, бунёди неругоҳи барқии “Роғун”, сохтмони роҳи Бустон -Чанак, сохтмони садҳо мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар корҳо ки иҷро кардани онҳо дар шароити буҳрони шадиди иқтисодӣ имконнопазир буд, амалӣ шуданд.
Дар чунин шароити душвор муҳимтарин иқдоми сарвари тоҷикон овардани сулҳ барои мардуми азияткашида буд. Моҳи апрели соли 1995 пеш аз сафар ба музокирот бо гуруҳҳои опозитсиони тоҷик, ба мухбири агентии хабаргузории “Интерфакс” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман пеш аз ҳама масъалаҳоеро ба муҳокима мегузорам, ки ба ҳалли мусолиҳатомези казияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаи оташбас, баргаштани муҳоҷирин, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд, муҳокима хоҳам кард”. Музокироти сулҳи тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат аз 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ анҷом гардид. Ҳар ду тараф ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи аз вазъияти ба амал омада баромадан ва нигоҳ доштани мустақилияти Тоҷикистон имзои сулҳ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар ин давра, роҳбари давлат борҳо қайд карданд, ки «муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд”.
Дар тулии 35 соли сарварии худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот кард, ки вай сазовори унвони олии Пешвои миллат аст, зеро бо халқи худ дар таърихи кутоҳ тавонист Тоҷикистонро ба як давлати дорои иқтисоди пешрафта, дорои тамаддуни фарҳангӣ ва маънавӣ табдил диҳад.
Сафаров Баҳодур.,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

